Аз нишастҳои матбуотӣ

Корхонаи коркарди моҳӣ бунёд мегардад

№24 (4764) 21.02.2024

ҶОМӢ- Соли 2023 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 1264 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022 ба андозаи 213,2 тонна зиёд мебошад, — иттилоъ дод раиси ноҳия Сафармаҳмад Раҳимзода 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ.

Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ноҳия ба 41 адад расида, 4 адад нисбат ба соли пешин зиёд шудааст.

Ҳамзамон, дар нишаст қайд гардид, ки соли равон корхонаи коркарди моҳӣ сохта мешавад, ки моҳиро дар шакли консерва ба мизоҷон пешниҳод менамояд.

С. СУЛТОНОВ, 

«Садои мардум»