Аз нишастҳои матбуотӣ

Коронавирус ба фаъолияти ВКХ низ таъсир кард

№92 (4198) 31.07.2020

ВКХПаҳншавии коронавирус ва эълон гардидани пандемия ба барномаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар шаш моҳи аввали соли равон таъсири ҷиддӣ расонид. Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сироҷиддин Муҳриддин 27 июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра вазорат дар ҷалби ёрии башардӯстона ва баргардондани шаҳрвандон аз хориҷа, саҳми босазо гузошт.

- Дар шароити душвор кишварҳо ва шарикони рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрӣ расонданд. Мехостам миннатдории ҷониби Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Чин, Россия, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Эрон, Туркия, Япония, Исроил, Қатар, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Созмони байналмилалии «Табибон бидуни марз», Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ ва ғайра изҳор намоям, — гуфт ӯ.

Роҳбарият ва кормандони вазорат саъй намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ густариш ёбад. Дар ин давра тамос бо шарикони хориҷӣ асосан дар шакли видеоконфронс, суҳбатҳои телефонӣ ва табодули паём сурат гирифт.

- Инчунин, заминаи қарордодӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон бо шарикони байналмилалии он бо имзои панҷ санади дуҷониба ва эътибор пайдо кардани ҳашт санади байналмилалии ҳуқуқӣ таҳким ёфт.

Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳамроҳ бо Афғонистон раёсати муштарак дар Раванди Истанбул — Қалби Осиёро ба уҳда дорад. Қарор аст, ки конфронси навбатии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби раванди мазкурро Душанбе мизбонӣ кунад, — изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»