Аз нишастҳои матбуотӣ

«Куллиёт»-и С. Айнӣ дар 22 ҷилд ба чоп омода аст

№100 (4362) 03.08.2021

АМИТ- Дар нимсолаи якуми соли 2021 ду маҷлиси умумӣ, 18 ҷаласаи раёсат доир шуд, ки дар онҳо 70 қарор ва 280 амри мансуб ба фаъолият қабул гардиданд, — гуфт 27 июли соли 2021 зимни ­нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифт. Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ғайр аз ин, дар 19 шӯрои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия тасдиқ шудаанд, 57 рисола, аз ҷумла, 8 рисолаи докторӣ ва 49 рисолаи номзадӣ дифоъ шуд.

Соли равон бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон ва 70 — солагии ташкилшавии Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон 365 номгӯйи китобҳои илмӣ ва бадеӣ чоп хоҳанд шуд. «Девон»-и Аҳмади Дониш, «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» ва «Куллиёт»-и устод Айнӣ дар 22 ҷилд омодаи нашр мебошанд.

Барои ҳамкории самарабахш академик Фарҳод Раҳимӣ ба рӯзноманигорон шаш ҷилди аввали «Куллиёт»-и Садриддин Айнӣ ва панҷ ҷилди «Куллиёт»-и Абулқосим Лоҳутиро тақдим намуд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»