КВД «Тоҷиксуғурта» ба кӣ зиёда аз шаш миллион сомонӣ пардохт кард?

№21 (4441) 15.02.2022

DSC_0777Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» соли 2021 бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ 599 ҳазору 316 шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонид, ки нисбат ба соли 2020-ум 60 ҳазору 479 адад зиёд мебошад. Аз ҳисоби шартномаҳои басташуда 35 миллиону 583 ҳазору 700 сомонӣ ворид гардида, 90,6 дарсади маблағҳои воридгардида ба навъи ихтиёрӣ ва 9,4 дарсади он ба навъи ҳатмии суғурта мансуб аст. Воридоти маблағ аз ҳисоби навъи ихтиёрии суғурта нисбат ба соли 2020-ум 11 миллиону 912 ҳазору 300 сомонӣ ва шумораи шартномаҳои суғуртаи ихтиёрӣ 77 ҳазору 476 адад зиёд мебошад. Дар ин бора директори генералии корхона Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ, ки ҳафтуми феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, иттилоъ дод.

Ҳамчунин, афзуд, ки дар давраи мавриди назар корхона ба шахсони ҳуқуқию воқеии ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зараррасида 6 миллиону 227 ҳазору 900 сомонӣ пардохт намуд.

- Ба буҷет 6 миллиону 448 ҳазору 700 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 753 ҳазору 600 сомонӣ зиёд аст. Аз ин шумора 2 миллиону 508 ҳазору 300 сомониро андоз, 3 миллиону 393 ҳазору 400 сомонӣ пардохтҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва 547 ҳазор сомониро пардохтҳои ҳатмӣ ташкил медиҳад, — изҳор дошт Шуҳрат Мақсудзода.

Зикр гардид, ки КВД «Тоҷиксуғурта» дорои 63 филиал ва шаш намояндагӣ дар вилоятҳо, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, хизматрасониро аз рӯи 22 навъи суғурта – 13 навъ суғуртаи ҳатмӣ ва нуҳ навъ суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ мондааст. КВД «Тоҷиксуғурта» соли гузашта дар байни 19 ташкилоти суғуртавӣ аз рӯи уҳдадориҳои суғуртавӣ ва пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ ҷои дуюм ва аз рӯи воридоти мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ ҷои сеюмро ишғол кард.

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»