Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022 таҳти №311 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Левакант бунёди 71 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода 9-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Қайд гардид, ки 71 иншооти мазкур бо харҷи 398 миллиону 827 ҳазор сомонӣ бунёд хоҳанд шуд.
Аз иншооти банақшагирифташуда 14 иншоот ба соҳаи истеҳсолоту саноат, 11 — маориф, 5 — тандурустӣ, 3 — варзиш, 3 — сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 35 иншооти боқимонда ба дигар соҳаҳо рост меояд.
- Соли гузашта аз 71 иншооти дар нақшабуда 23 — тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар онҳо беш аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд, — гуфт Бунафша Файзиддинзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»