- Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 787 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 160 муроҷиат хаттӣ, 618 — шифоҳӣ, 5 — электронӣ ва 4 муроҷиат телефонӣ мебошанд.
Дар давраи зикршуда дар намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 581 муроҷиат ба қайд гирифта шуд, ки 14 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мусбат ҳал гардид, — гуфт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода.
Номбурда, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки муроҷиати хаттии шаҳрвандон тибқи таснифот бештар ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаи судӣ 13 адад, таъминоти иҷтимоӣ — 9, алимент — 9, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ ва зӯроварӣ — 7 ва ҳуқуқ ба манзил 5 адад, дахл доранд.
Кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 36 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, дар 36 гурӯҳи корӣ ва 7 мурофиаи судӣ иштирок намуда, хулоса пешниҳод намудаанд.
Дар нимсолаи якуми соли равон роҳбарият ва кормандони ин ниҳод 17 санҷишу мониторинг гузаронида, дар 5 мурофиаи судӣ, 99 суҳбати гирди миз ва тренингу семинарҳо иштироку суханронӣ намуданд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»