Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни нишасти матбуотӣ (21 июли соли ҷорӣ) гуфт, ки дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ва амалиёти махсус 17 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор муайян ва дастгир гардид. Дар тӯли шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 2233 ҷинояти вазнин, аз қабили куштор, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, авбошӣ, дуздӣ ва қаллобӣ ба қайд гирифта шуд.
Таъкид гардид, ки мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб меёбад. Дар ин робита кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 293 ҷиноятро ошкор намудаанд.
- Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкорӣ бо шаҳрвандон ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон кам шудааст, мутаассифона, ҷавонон назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар ҷиноят содир кардаанд, — афзуд ӯ.
Маълум шуд, ки бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ (591 ҳодиса) 193 нафар ба ҳалокат расида, 623 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
- Ҳангоми сӯхтор дар бозори «Корвон» 160 нуқтаи савдо зарари ҷиддӣ дид. Ҳарчанд сӯхторнишонон ба ҷойи ҳодиса сари вақт расида бошанд ҳам, бинобар ҷамъ шудани шумораи зиёди одамон дар минтақаҳои зери оташмонда ба хомӯш кардани он чандон муваффақ шуда натавонистанд. Бо дарназардошти ин ҳодиса ва ҳодисаҳои дигари ба ин монанд, тасмим гирифтем, ки ба қонунгузории ҷорӣ тағйиру иловаҳо пешниҳод намуда, шахсони ба кори сӯхторнишонон халалрасонро ба ҷавобгарӣ кашем, — иброз дошт вазири корҳои дохилӣ.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар робита ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» гуфт, ки он омода ва ба вазорату идораҳо барои мувофиқа фиристода шудааст.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»