29 июли соли 2021 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси кумита, доктори илмҳои филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода рӯзноманигоронро бо кори дар шаш моҳ анҷомёфта шинос намуд.
- Мутобиқи Низомномаи кумита, яке аз самтҳои асосии фаъолият санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор рафта, кормандон фаъолияти 23 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор доданд. Вобаста ба натиҷаи он ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда санад таҳия ва ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.
Илова бар ин, ба 51 санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод шуд.
- Қобили зикр аст, ки дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳот 61500 истилоҳ (3 луғатнома, 17 барномаи таълимӣ ва 4 маводи таҳлилию дастурамал) мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифт, — гуфт О. Муҳаммадҷонзода.
Инчунин, ба 518 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд ва аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ, танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 23 номгузории муассиса ва 67 объекти ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хулоса пешниҳод гардид.
Мутахассисон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Воҳиди махсус оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадри Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи муҳандисии шаҳри Душанбе оид ба омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» машғулияти идоравӣ гузарониданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати инъикоси фаъолияти марбут ба забон маҷаллаи илмӣ — оммавии «Забон ва истилоҳот» таъсис дода шуд, ки шумораи нахустини он дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба дасти хонандагон мерасад.
Н. Тилло,
«Садои мардум»