Аз нишастҳои матбуотӣ

Маҳмадсаид Шоҳиён: «29 нафар ҷиҳати таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд»

№24 (4607) 13.02.2023

Точикфилм (4)Кадом монеаҳое ҳастанд, ки бартараф намудани онҳо боиси рушди бештари синамои тоҷик мегардад? Ба ин суоли хабарнигори рӯзнома директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ, ки 9-уми феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, чунин посух гуфт:

«Соҳаи киноро аслан филмномаи хуб, коргардон ва ҳунармандони боистеъдод рушд мебахшанд. Ин се падида ҳамзамон боиси муваффақ шудани филмҳо мегарданд».

Номбурда дар идомаи суҳбат аз коргардонҳои муваффақи синамои тоҷик, аз ҷумла Комил Ёрматов, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров ёдовар шуда, илова намуд, ки нақша доранд имсол дар доираи «Барномаи давлатии рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» 29 нафарро ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристанд.

Иттилоъ гирифтем, ки муассиса соли гузашта ба мақсади тарғиби дастовардҳои синамои миллӣ бори нахуст Синамоҷоизаии миллӣ — «Тоҷи сомон» — ро баргузор намуд.

Дар Ҷашнвораи XVIII байналмилалии кинои кишварҳои мусалмон, ки дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия доир шуд, филми бадеии коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов «Додараки фариштаҳо» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филми кӯтоҳметраж» гардид.

Филми ҳунарии коргардон Муҳиддин Музаффар «Дов» дар Синамоҷашнвораи байналмилалӣ, ки дар Ҳиндустон баргузор шуд, ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарӣ» — ро ба даст овард.

Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и коргардон Файзулло Файзов дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобинон» ва дар Синамоҷашнвораи байналмилалии ИДМ, ки дар шаҳри Москва баргузор шуд, ҷоизаи «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона»-ро соҳиб шуд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»