- Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ саҳми арзанда дорад. Заҳмату талошҳои пайвастаи ҳайати омӯзгорону профессорон ва раёсати донишгоҳ аст, ки он соли 2021 дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм баҳогузорӣ мешавад, панҷ зина боло, яъне аз мақоми 17 — ум ба мақоми 12 — ум гузаронида шуд, — гуфт сеюми феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Абдусалом Мирализода.
Фаъолияти таълимии донишгоҳ аз рӯи низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шуда, ҳоло дар зинаи бакалавр аз рӯи 57 ихтисос 10594 донишҷӯ, зинаи магистратура аз рӯи 25 ихтисос 185 магистрант ва дар зинаи докторантура PhD бошад, аз рӯи 21 ихтисос 72 докторант таҳсил мекунанд.
Зикр шуд, ки ҳоло дар таълими рӯзона 6380 ва таълими фосилавӣ 4214 донишҷӯён фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 49 нафар ятими кулл мебошанд. Шумораи донишҷӯёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсилдошта дар донишгоҳ 445 нафар (265 духтар ва 180 писар) мебошанд.
Қайд гардид, ки соли гузашта 24 омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои илмиро ҳимоя намуда, 5 нафар барои ҳимояи рисолаҳояшон иҷоза гирифтанд. Дар ин давра 7 донишҷӯи донишгоҳ ба гирифтани стипендияи президентӣ, 8 донишҷӯ ба гирифтани стипендияи раиси вилоят, 1 нафар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 омӯзгор бо гирифтани стипендияи раиси вилоят мушарраф гардиданд.
Муҳассилини донишгоҳ соли гузашта дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ гузаронида шуд, соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва се ифтихорнома шуданд. Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» донишҷӯи курси 2-юми факултети химия, биология ва география Саймақсуди Ҳаёт бо роҳбарии номзади илмҳои география Гадоев Шералӣ дар номинатсияи география сазовори ҷойи якум гардид.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»