Аз нишастҳои матбуотӣ

Мақоми Тоҷикистон дар индекси байналмилалии шаффофияти буҷет болотар рафт

№102 (4842) 23.08.2024

10Дар ин бобат зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ мужда дод. Маълум гардид, ки тибқи баҳогузории коршиносони мустақил соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар индекси зикршуда 33 холро соҳиб шуд, ки он дар қиёс ба баҳогузории қаблӣ ду маротиба зиёд аст. Ба шарофати ин рӯйдоди фараҳбахш мақоми кишвар дар радабандии зикршуда аз зинаи 106 ба 90 расид.

Зимни шарҳу тавзеҳи ин масъала Юсуф Маҷидӣ минҷумла зикр кард, ки дастоварди мазкур самараи сиёсати хирадмандонаву бунёдкорона ва ҷойгоҳи бениҳоят баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, кормандони вазоратро водор месозад, ки баҳри боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолият беш аз пеш ҷаҳду талош намоянд.

Иттилоъ гирифтем, ки дар марҳилаи мавриди назар вазорат тибқи дархост 15 иҷозатнома барои фаъолияти бозии лото, 5 иҷозатнома барои фаъолияти иштирокчии касбии коғазҳои қиматнок, иҷозатнома барои фаъолияти лотереяи электронӣ, 3 иҷозатнома барои фаъолияти букмекерӣ, 3 иҷозатнома барои фаъолияти гаравхона (ломбард) ва 25 иҷозатнома барои фаъолияти лотерея додааст. Ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» 223 нафар соҳиби иҷозатнома шуданд, ки ба ВМКБ 18 нафар, вилояти Хатлон — 36, вилояти Суғд — 9, шаҳри Душанбе — 16 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 144 нафар рост меояд.

Корманди рӯзнома ба масъалаи барзиёд (1,5 миллиард сомонӣ) иҷро шудани қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мароқ зоҳир карда, аз масъулин оид ба омилу манбаъҳои ин тамоюли мусбат савол дод.

Ба ин савол Юсуф Маҷидӣ муфассал бо истинод ва далелу рақамҳо посух дод. Аз ҷумла гуфт, ки бо назардошти рушди иқтисоди миллӣ қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд. сомонӣ ворид гардид.

Номбурда аз саҳми Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук ёдовар гардида, афзуд, ки дар ин давра нақшаи муайяншуда аз ҷониби Кумитаи андоз 105,9 фоиз иҷро ва ба буҷет 9,8 млрд. сомонӣ ворид шуд, ки маблағи мазкур нисбат ба нақша 546,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра фаъолияти Хадамоти гумрук низ дар сатҳи хубу сифати баланд сурат гирифта, нақша 106,5 фоиз иҷро шуд ва ба буҷет 4,6 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба нақша 280,2 млн. сомонӣ зиёд аст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»