- Дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд татбиқи «CASA-1000 — лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ва лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» бо маблағгузории грантии Бонки ҷаҳонӣ ба зиммаи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) гузошта шудааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 17 феврали соли 2022 директори иҷроия Шералӣ Сиддиқзода.
Зикр гардид, ки «CASA-1000 — лоиҳаи дастгирии ҷомеа» 65 деҳаро дар 22 ҷамоати шаҳрҳои Леваканту Турсунзода ва ноҳияҳои Спитамен, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Хуросон, А.Ҷомӣ, Вахш, Кӯшониён, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, ки ба хати интиқоли барқи «CASA-1000» наздик мебошанд, фаро мегирад. Инчунин, 50 маҳаллаи ҷамоати наздисарҳадии Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба ин лоиҳа шомиланд. Лоиҳа аз чор қисм иборат буда, қисми якум аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» ба маблағи 10,0 миллион доллари америкоӣ амалӣ гардида, иҷрокунандаи қисматҳои боқимонда ба маблағи 16,0 миллион доллари америкоӣ Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон мебошад.
Қайд шуд, ки лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» дар ду вилоят Хатлон (шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ бо фарогирии 24 ҷамоат, 222 деҳа) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим бо фарогирии 20 ҷамоат, 167 деҳа) амалӣ мегардад. Маблағи умумии лоиҳа 37 миллион доллари америкоӣ буда, аз се қисм иборат аст.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»