Маҳсули кормандони АМИТ — 3400 кори илмӣ

№22 (4422) 17.02.2022

Рахими11 феврали соли 2022 дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ изҳор дошт, ки аз рӯи натиҷаҳои илмии бадастомада соли гузашта аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии академия 3400 кори илмӣ ба анҷом расид. Аз ҷумла, беш аз 250 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 3150 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 2500 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 230 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва қариб 100 мақола дар маҷаллаҳои хориҷӣ ба нашр расиданд.

Дар ин давра олимони АМИТ 18 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 21 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироотро ба даст оварданд.

Аз он қаноатмандӣ шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2021 маоши кормандони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёд шуд.

Соли сипаригашта, тавассути шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати АМИТ 54 корманд барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексия ва гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба хориҷа фиристода шуданд. Бо даъвати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 37 намоянда аз хориҷи кишвар ба муассисаҳои илмии академия омада, коромӯзӣ намуданд ва корҳои муштараки илмӣ анҷом доданд.

Дар муассисаҳои илмии АМИТ 2059 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 1232 нафар корманди илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони илмии академия 974 нафарро кормандони илмии бастӣ (145 доктори илм, 319 номзади илм ва 510 корманд бе дараҷаҳои илмӣ) ва 258 нафарро кормандони илмии ҳамкор (90 доктори илм, 103 номзади илм ва 108 корманд бе дараҷаҳои илмӣ) ташкил медиҳанд.

Соли гузашта дар ҳашт шӯрои диссертатсионии назди муассисаҳои илмии АМИТ, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, кормандони академия 84 рисола, аз ҷумла 6 рисолаи докторӣ, 71 рисолаи номзадӣ ва 7 рисолаи докторӣ аз рӯи ихтисоси (PhD) дифоъ карданд.

Н. ТИЛЛО,

 «Садои мардум»