- Дар шаш моҳи аввали соли равон қисми даромади буҷети давлатӣ, бо назардошти маблағи барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти буҷетӣ дар сатҳи 102 фоизи нақша таъмин гардида, ба он 15,1 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ 7,3 миллиард сомонӣ, фаъолияти иқтисодии беруна 3,4 миллиард сомонӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 1,2 миллиард сомонӣ ворид гардид,- иброз дошт вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода 18 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда қисми хароҷоти буҷети давлатиро муфассал шарҳу тавзеҳ дода, минҷумла гуфт, ки он дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, дар ин давра ба соҳаҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 591,2 миллиард сомонӣ, маориф -2,8, тандурустӣ -1,1, ҳифзи иҷтимоӣ -1,9, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 2,4 миллиард сомонӣ, фарҳангу варзиш 465,8 миллион сомонӣ, кишоварзӣ -361,4, саноату сохтмон- 100,7, нақлиёт ва коммуникатсия 925 миллион сомонӣ равона гардид.
Дар раванди саволу ҷавоб маълум шуд, ки бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла ба пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 3,4 миллиард сомонӣ, идрорпулӣ 59 миллион сомонӣ, нафақа 1,5 миллиард сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар ҳаҷми умумии 243 миллион сомонӣ падордохт шудааст.
Зикр шуд, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок амалӣ гардида, дар давраи мавриди назар барои рушди ин соҳаҳо 6,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 5,2 миллиард сомонӣ, маблағҳои махсус 728,9 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 316,0 миллион сомонӣ сарф шуд.
Иттилоъ гирифтем, ки дар ин давра аз ҷониби вазорат 107 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, тибқи тартиби роиҷ ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардидааст.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»