Аз нишастҳои матбуотӣ

Маблағи ҷоизаи «Шаҳри беҳтарин» ба ятимон дода шуд

№24 (4607) 13.02.2023

FB_IMG_1675773168202Ҳафтуми феврали соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода гуфт, ки дар соли 2022 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 116 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 127,3 миллион сомонӣ ворид шуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» ва амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат 7 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар назар аст, ки то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб 40 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шавад.

Раиси шаҳри Кӯлоб дар бобати пешгирии танбашавии мошинҳо дар назди бозори «Сахӣ» — и шаҳри Кӯлоб гуфт, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ роҳи кӯчаи Чармгарони поён ба масофаи 850 метр мумфарш гардида, дар кӯчаҳои шаҳр 7 чароғаки рақамӣ насб гардид.

Соли 2022 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 68 бинову иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 130 бинову иншоот, аз ҷумла 25 иншооти истеҳсолӣ, 6 бинои истиқоматӣ, 9 муассисаи таълимӣ, 2 муассисаи тиббӣ, 5 толору майдончаи варзишӣ, 3 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 5 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 30 нуқтаи хизматрасонӣ, 25 маркази савдо ва 16 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 810 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли гузашта 32,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 Рӯзноманигорон аз раиси шаҳри Кӯлоб дар бобати «Шаҳри беҳтарин» эътироф шудани шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 пурсон шуданд: — «Ин дастоварди сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб аст. Дар ҳузури шумо намояндагони воситаҳои ахбори омма 10 ҳазор сомонии ҷоизаро барои тарбиятгирандагони Мактаб – интернати ёрирасони рақами 1- и шаҳри Кӯлоб ҳамчун кумак сарф хоҳем кард», — афзуд номбурда. Баъд аз нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода бо рӯзноманигорон аз вазъи тарбиятгирандагони Мактаб – интернати ёрирасони мазкур боздид кард.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»