- Дар нимсолаи якуми соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2021-ум 21 курс (19 курси нақшавӣ ва 2 курси ғайринақшавӣ) баргузор гардид, — зикр кард 27 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ректори академия Абдухалил Ғафурзода.
Номбурда, ҳамчунин, изҳор дошт, ки Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» вобаста ба марҳилаҳо, шароити сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, шаклу мазмун ва арзиши Мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадқиқот анҷом медиҳад. Мақсади асосии омӯзиши мавзӯи тадқиқотии он ба масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст.
- Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани савияи илму дониши устодону донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои такмили ихтисос, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таълим тавассути технологияи ҳозиразамон беш аз 60 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид, — зикр кард Абдухалил Ғафурзода ва ҳамчунин, афзуд, ки дар ин давра академия бо ташкилоту муассисаҳои таълимии хориҷӣ ҳашт шартномаи ҳамкорӣ баст.
Иттилоъ дода шуд, ки 22 феврали соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Барои ба роҳ мондани фаъолияти самаранок ҷиҳати расидан ба мақсадҳои дар назди худ гузошташуда, нақшаи фаъолияти марказ барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ гардид.
А. Ғафурзода, ҳамчунин, гуфт, ки дар Парки технологии муассиса матбаа, кошонаи ҳусн, сартарошхона, сехи дӯзандагӣ, қаннодӣ, курсҳои забономӯзӣ, мағоза, ошхона ва меҳмонхона фаъолият менамоянд ва дар он ҷо курсҳои семоҳаи муҳосибӣ низ ташкил шуда, дар нимсолаи аввали соли равон 66 нафар соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»