Аз нишастҳои матбуотӣ

Манбаъҳои пайдоиши хавф безарар шуд

№ 06.02.2023

Озукавори2-юми феврали соли 2023 ­нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Кумита Маҳаммадсаид Файзуллозода зикр кард, ки бо мақсади баргузории чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ бо харҷи 2 миллиону  889 ҳазору  478 сомонӣ маводи байторӣ, 411 ҳазору  918 сомонӣ маводи дератизатсионӣ, маҳлули формалин ва дигар доруворӣ харидорӣ ва ба идораҳои зертобеъ дастрас шуд.

Соли гузашта вобаста ба бемории буғумдард дар 650 ҳазору 510 сар чорво санҷиш гузаронида шуда, дар 625 сар чорво беморӣ муайян карда шуд. Инчунин, дар ҷумҳурӣ ду ҳолати бемории сӯхтанӣ, 4 — сиёҳрон, 36 — ҳорӣ, 3 брадзоти гӯсфандон ва 4 ҳолати пастерелёзи чорвои хурди шохдор ба қайд гирифта шуда, манбаъҳои пайдоиши хавф безарар гардонида шуд.

Аз тарафи марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соли 2022 ба иншоотҳои нигоҳдорӣ, сардхонаҳо, сехҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ, дӯконҳои гӯштфурӯшӣ, нуқтаҳои забҳи чорво 7 ҳазору 964 аттестати байторию санитарӣ дода шуда, аз ин ҳисоб як миллиону 528 ҳазору 621 сомонӣ ва барои вайрон кардани қоидаҳои байторию фитосанитарӣ ҳангоми воридоти борҳои таҳти назорати ниҳодҳои байторию фитосанитарӣ қарордошта нисбати 111 соҳибкор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, маблағҳои ҷарима дар ҳаҷми 163 ҳазору 840 сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ ворид гардид.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»