Соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ барои 73 962 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст. Тавре зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм иттилоъ дода шуд, то имрӯз 39 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ барои 7 ҳазору 884 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шудааст, ки даҳ дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми таҳсилот норасоии 2670 омӯзгор ба қайд гирифта шуда, бо мақсади бартараф кардани ин мушкил 2170 донишҷӯ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар гардидаанд.
Тибқи дархости раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳоло ин зинаи таҳсилот ба 4301 кадр эҳтиёҷ дорад.
Дар нақшаи таълимии намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2024-2025 баъзе тағйирот ворид шуд. Минбаъд хештаншиносӣ, забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ чун машғулияти ҳатмӣ ҳафтае 2 маротиба таълим дода мешавад. Ҳамчунин, ҷадвали басти воҳидҳои кории ин муассисаҳо, ки аз замони шуравӣ амал менамуд, таҷдиди назар шуда, мураббии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак ва омӯзгорони фанҳои русию англисӣ чун воҳиди алоҳидаи корӣ ворид гардид.
Дар ин нимсола 47 номгӯйи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 1 миллиону 574 ҳазор нусха нашр шуд. Айни замон чопи 36 номгӯйи китобҳои дарсӣ бо шумораи 1 миллиону 570 ҳазор нусха идома дорад, ки давоми сол нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас мешавад.
Иштироки 2181 хонанда дар даври ниҳоии 15 олимпиадаи байналмилалӣ ва сазовори ҷойҳои намоён (230 ҷойи якум,730 ҷойи дуюм ва 1175 ҷойи сеюм) гардидани онҳоро, ки нисбат ба соли 2023-юм 997 нафар зиёд аст, аз хабарҳои фараҳбахши нимсолаи аввали соли 2024 метавон арзёбӣ кард.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»