Аз нишастҳои матбуотӣ

Маркази миллии тарҷума таъсис ёфт

№98 (4838) 12.08.2024

13Дар нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 30 июл баргузор гардид, раиси кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода зикр кард, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 кормандони ниҳоди мазкур вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи феҳрис­ти номҳои миллии тоҷикӣ» фаъолияти 8 ниҳоду муассисаҳои давлатиро мавриди санҷиш қарор доданд.

Дар ин давра кормандони кумита дар машғулияти вазорату идораҳо оид ба омӯзиши қоидаҳои имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, инчунин, озмунҳои қабул ба кор барои гирифтани диктанти санҷишӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ иштирок намуда, китоби «Дуруст бинависем» нашр шуд. Нусхаи ниҳоии «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва «Роҳнамои коргузорӣ» ба чоп супорида шуда, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Забони миллӣ ва Ваҳдати миллӣ» аз нашр баромад.

Зикр гардид, ки бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2024 дар назди кумита Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума» таъсис ёфт. Мақсади маркази мазкур ба таври мутамарказ тарҷума намудани осори арзишманди бадеӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, илмӣ, илмӣ-оммавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои расмии коргузорӣ ва матнҳои гуногун, маълумоти гуногунҷанба оид ба молу маҳсулот аз забони давлатӣ ба забонҳои хориҷӣ ва баръакс мебошад.

ВОРИС,

«Садои мардум»