5-уми феврал дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ посух дод, ки то моҳи марти соли равон маркази ноҳия пурра бо оби нӯшокӣ таъмин мегардад.
Бо ин мақсад 2 чоҳи амудӣ дар маркази ноҳия кофта шудааст. Ҳамчунин, 23 деҳаи ҳудуди ноҳия бо кумаки аҳолӣ ва соҳибкорони саховатпеша бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Комрони АСЛОН,
«Садои мардум»