- Тайи шаш моҳи аввали соли равон дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ 96399 бех ниҳол шинонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71480 бех зиёд аст, — гуфт директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода 23 июни соли равон зимни нишасти матбуотӣ. — Алҳол нигоҳубини ниҳолҳо хуб ба роҳ монда шуда, моҳе ду бор бо мошинҳо обёрӣ мешаванд.
Мувофиқи маълумоти дастрасшуда, ташкилоту муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар 1911 гектар бунёд ва барқароркунии ҷангалзор гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 439,6 га зиёд мебошад.
Дар фасли баҳор аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ 153,1 тонна рустаниҳои ғизоӣ ва хӯрданибоб, ба монанди чукрӣ ва сиёҳалаф ҷамъоварӣ гардида, ба истеъмолкунандагон пешкаш гардид. Бо мақсади ҳифзу нигоҳдории олами ҳайвоноту парандагон хоҷагиҳои ҷангали Агентӣ корҳои биотехникӣ бо харҷи 140,7 ҳазор сомонӣ ба ҷо оварда шуда, дар рӯзҳои сарди зимистон 28,8 тонна рези гандум, 4,3 тонна ҷаву шолӣ ва 5,9 тонна хошоку дигар хӯрокиҳои консентратӣ бо олами вуҳуш дастрас, 200 чашма тоза ва роҳу пайраҳаҳои чорвогузар ба тартиб дароварда шудаанд.
Соли равон дар гармтарин мавзеи Тоҷикистон – деҳаи Айваҷи ноҳияи Шаҳритус саксавул шинонида, обёрӣ гардид. Бо усули ниҳолшинонӣ зиёд кардани саксавул нисбат ба кишти тухми он самаранок буданашро нишон дод. Зикр шуд, ки саксавул ба фазо бархостани зарраҳои қумро пешгирӣ намуда, дар зимистон хӯроки чорво ба шумор меравад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»