Аз нишастҳои матбуотӣ

Меҳнат – калиди ризқу рӯзӣ

№18 (4758) 07.02.2024

- Соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 63028,4 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, маҳсулоти растанипарварӣ 43365,7 млн. сомонӣ ва чорводорӣ 19662, 7 млн. сомониро ташкил медиҳад, — иброз намуд вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ.

Бо фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар комплекси агросаноатӣ теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ 176 ҳазор ва шумораи кормандони соҳа 1664,5 ҳазор нафарро ташкил дод.

Ҳамчунин, кишоварзони мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза аз ҳисоби гармхонаҳои доимоамал­кунандаю мавсимӣ 20 ҳазор тонна сабзавоти тару тоза ба бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Қайд гардид, ки аз замини умумии киштшуда зироатҳои ғалладонагӣ 392,6 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ-202,6, картошка-55,5, сабзавот-73,2, полезӣ-22,6 ва зироатҳои хӯроки чорво 114,7 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»