Аз нишастҳои матбуотӣ

Миралӣ Достизода: «Дастоварди донишҷӯён назаррас мебошад»

№22 (4762) 16.02.2024

7- Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов лабораторияи омӯзиш, таҳқиқ ва таъмири созҳои мусиқӣ таъсис ёфт. Алҳол 4 устои моҳир ба сохтану таъмири асбобҳои мусиқии дутор, най, рубоб ва монанди инҳо машғуланд, — гуфт ректори консерватория Миралӣ Достизода зимни нишасти матбуотӣ.

Барои баланд бардоштани сифати таълим, хоса сатҳи иҷрои донишҷӯён, бо ҷалби устодони варзидаи хориҷӣ дарсҳои маҳорат доир гардид. Аз ҷумла, ҳунармандон — устодони маъруфи мусиқии Россия Виктория Носовская ва Вячеслав Алховский ба донишҷӯёни ихтисоси сарояндагии академӣ дарс гузаштанд.

Миралӣ Достизода дастоварди донишҷӯёнро назаррас арзёбӣ намуда, афзуд, ки донишҷӯён Фараҳноз Қурбонмамадова, Ҷовид Ҳасанов, Абдуллозода Шерзод, Савсан Савдаршоева дар озмунҳои байналмилалии навозандагию сарояндагӣ, ки дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркия ва Федератсияи Россия доир шуд, ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд.

Иттилоъ гирифтем, ки раёсати консерватория ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён диққати хоса дода, таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ (таълимӣ) ва таҷрибаомӯзии иҷрокунандагӣ (эҷодӣ)-ро ба роҳ мондааст. Таҷрибаомӯзии таълимӣ дар коллеҷу мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, таҷрибаомӯзии эҷодӣ дар ансамблу оркестрҳои давлатӣ гузаронда мешавад.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»