Аз нишастҳои матбуотӣ

Миралӣ ДОСТИЗОДА: «Талабот ба мутахассисони санъати касбӣ меафзояд»

№21 (4283) 16.02.2021

DSC_2975- Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов  ягона мактаби олиест, ки мутахассисони соҳаи мусиқии касбиро тарбия менамояд. Вобаста ба рушди ҷомеа ва таъсиси муассисаҳои консертӣ, дастаҳои ҳунарии санъати касбӣ талабот ба мутахассисоне, ки дар ин ҷо омода мешаванд, сол ба сол афзоиш меёбад, — зикр кард зимни нишасти матбуотӣ 12 феврали соли равон ректори консерватория Миралӣ Достизода.

Дар се факултет — иҷрокунандагӣ, мусиқии суннатии тоҷик, санъати мусиқии эстрадӣ таҳсил тибқи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯи 14 ихтисос мутахассисон омода мешаванд. Теъдоди умумии донишҷӯён 437 нафар буда, аз он 11 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Соли таҳсили 2019 — 2020 консерваторияро 71 нафар хатм карда, аксарият бо ҷойи кор таъмин шуданд.

- Дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», ки таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, 20 омӯзгору донишҷӯ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, — иброз намуд М. Достизода.

Бунёди бинои нави муассиса, таъсиси утоқи созтарошӣ, шӯрои диссертатсионӣ ва маҷаллаи илмӣ аз ҷумлаи нақшаҳо арзёбӣ гардид.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»