Аз нишастҳои матбуотӣ

МИСиС. Мушкили асосӣ надонистани забони русӣ

№26 (4766) 26.02.2024

ДЖЖУРАЕВДиректори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСИС дар шаҳри Душанбе Муъминҷон Ҷӯраев зимни нишасти матбуотӣ, дар посух ба суоли хабарнигори рӯзнома гуфт: «Дар ҳақиқат, тибқи талаботи оинномаи филиал, имтиҳони дохилшавӣ бо забони русӣ бояд сурат гирад, аммо баъзе довталабон онро дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ месупоранд. Донистани забони русӣ аз талаботи асосии филиал ба шумор меравад, аммо на ҳамаи онҳое, ки шомил мешаванд, ин забонро баладанд».

Муъминҷон Ҷӯраев ин мушкилро асосӣ арзёбӣ намуда  гуфт, ки ба раванди дарсазхудкунӣ, албатта, таъсири манфӣ дорад.

- Аз ин лиҳоз, ба донишҷӯёни курси аввал як сол ройгон забони русӣ (иловагӣ) меомӯзем, — афзуд директор.

Муассиса барои саноати коркарди маъдан мутахассис омода менамояд ва бо калонтарин корхонаҳои коркарди маъдани кишвар ҳамкорӣ дорад. Барои гузарондани дарсҳои амалии донишҷӯён озмоишгоҳи омӯзишии коркард ва истихроҷи маъдан таъсис ёфтааст.

Иттилоъ гирифтем, ки соли 2023  кабинетҳои таълимии физика ва химия бо таҷҳизоти нав, ки барои корҳои озмоишӣ муҳим мебошанд, таъмин шуданд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз», ки соли 2023 миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир гашт, донишҷӯ Ибодуллоев Тавҳид ҷойи дуюмро сазовор гардид.

Нақшаи қабули довталабон барои филиал зиёд  набошад ҳам, он дар соли сипаришуда 75 фоиз иҷро шуд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»