Аз нишастҳои матбуотӣ

МММ-и шаҳри Душанбе рушди босуръат дорад

№100 (4362) 03.08.2021

Муовини аввали раиси ШАХРИ ДУШАНБЕ- Дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои зарурӣ дар шаш моҳи аввали соли 2021 рушди аксар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳри Душанбе таъмин гардид, — зикр кард муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода 29 июли соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) ба 8,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба як соли пеш 108,7 дарсад ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,8 фисад­ро ташкил дод. Рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, гардиши савдо, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ таъмин гардид.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби 526 корхонаи саноатӣ ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки 119,6 дарсади соли гузаштаро ташкил медиҳад. Содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 2,4 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5,4 дарсад зиёд мебошад.

- Дар давраи зикршуда ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳама манбаъ бо нархҳои муқоисавӣ ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 42,8 дарсад зиёд шуд. Дар 13 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ — васлгарӣ ва дар 22 иншоот корҳои лоиҳакашиву таҳқиқотӣ дар ҳаҷми 307,2 миллион сомонӣ иҷро гардида, дар 8 иншоот корҳои сохтмониву васлгарӣ ва дар 10 иншоот корҳои лоиҳакашиву таҳқиқотӣ бомаром идома доранд, — изҳор дошт Амирхон Қурбонзода.

Дар яке аз иншооти муҳими ҷашнӣ — «Майдони Истиқлол» бун­ёди манора 60 фоиз ва ободонӣ 80 дарсад иҷро гардидааст.

Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 78 хатсайри мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 23 адад автобусгард, 8 троллейбусгард ва 47 микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шуд.

Бино ба гуфти Амирхон Қурбонзода, дар шаҳри Душанбе 5821 нақлиёти истифодаи мусофирбар, аз ҷумла, 672 нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 3592 таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд. Дар онҳо ҳар рӯз то 340 автобус, 75 троллейбус, 1100 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2160 таксӣ сафарбар мешаванд.

Инчунин, қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2021 нақшаи даромад (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 1620,3 миллион сомонӣ ё 102,4 дарсад иҷро гардидааст, ки нисбат ба нақша 37,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллии пойтахт аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 103,3 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 1140,4 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 37 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр 96,5 дарсад иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ 1081,1 миллион сомонӣ равона гардидааст. Ҳамчунин, аз буҷети шаҳри Душанбе 774,8 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ирсол шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»