Аз нишастҳои матбуотӣ

Мо ҳама назди табиби хуб меравем

№ 03.02.2023

DSC_3003-Лаҳзаи фараҳбахш ва фаромӯшношуданӣ барои роҳбарият ва аҳли омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли гузашта ба истифода додани бинои маъмурӣ ва таълимии даҳошёна  дар ҳудуди Маҷмааи нави таълимии шаҳраки «Шифобахш»-и донишгоҳ дар «Рӯзи дониш» ва «Дарси сулҳ» 1 сентябри соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад, -изҳор дошт ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ва дар  идома гуфт, ки рӯйдоди мазкур барои боз ҳам беҳтар шудани  шароити таҳсил мусоидат намуд. Танҳо зикри он ки  бино аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво, толори  компютерӣ, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, ду толори лексионӣ, ду толори нав ва чор озмоишгоҳи таълимӣ ҷиҳати омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат буда ва фароҳам омадани 2262 ҷойи нишасти иловагӣ далели гуфтаҳои болост.

Дар донишгоҳ соли гузашта теъдоди донишҷӯён 12189 нафар ва якҷо бо муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ 13397 нафарро ташкил намуд. Теъдоди муҳассилини хориҷӣ ба 1949 нафар аз 24 давлати дунё расида, шумораи онҳо ҳар сол меафзояд, зеро  маблағи шартномаи таҳсил назар ба донишгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя камтар ва  иловатар  муҳайё будани шароити таҳсил ба забони англисӣ дар муассисаи таълимии мо мебошад.

Аз гузориши ректор, ҳамчунин маълум шуд, ки соли гузашта донишгоҳро 1874 нафар, аз ҷумла 356 донишҷӯёни хориҷӣ аз  нуҳ кишвари дунё, хатм карда, ба ихтиёри Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ фиристода шуданд.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ пурра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи  стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида, дорои сертификати мутобиқат мебошанд. Дар ин ҷо технологияи инноватсионии таълимдиҳӣ ва мукаммалсозии баҳодиҳӣ ба сифати таҳсил татбиқ гардад. Афзалияти ин усули таълимӣ аз он иборат аст, ки ба ташаккули фикрронии мустақилонаи аналитикии клиникии донишҷӯён аҳамияти бештар дода мешавад. Дар баргузории дарсҳои амалӣ омӯзгор нақши тютор, яъне роҳнамо (мураббӣ)- ро иҷро намуда, донишҷӯён бо истифодаи  технологияи муосири таълимӣ -кейсҳои клиникӣ ба ҳалли мустақилонаи масъалаҳои  (масъалаҳои ситуатсионӣ)  клиникии тиббӣ машғул мешаванд, ки яке аз усулҳои муосири таълимдиҳӣ эътироф гардидааст.

- Мо ҳама назди табиби хуб меравем, то ин ки ба дардамон дармон бахшем. Биноан он -мо роҳбарият ва аҳли  омӯзгорону  донишҷӯён ҳар рӯз баҳри он саъй мекунем, ки домони дониши азбаркардаамон пурратар ва ғанитар шавад, то ин ки ҳангоми табобати беморон аз он пурсамару муфид истифода намоем,- изҳор дошт Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»