Аз нишастҳои матбуотӣ

Моҳипарварӣ рушди бомаром дорад

№97 (4837) 09.08.2024

25-04-2024-КишоварзиДар шаш моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 истеҳсоли ғалладона 19919 тонна, картошка — 5601, сабзавот — 129 ҳазору 50, полезӣ -113 ҳазору 747, мевагӣ — 39 408, ангур — 362 ва хӯроки чорво 15821 тонна зиёд гардид.

Истеҳсоли гӯшти чорво ба 107,6 ҳазор тонна расид, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ 25-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти худӣ 131,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 124,4 миллион доллари ИМА содирот шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот 12,1 ҳазор тонна кам ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 25,5 миллион доллари ИМА ё 25,8 фоиз зиёд мебошад.

Иттилоъ гирифтем, ки барои кишти соли 2024 аз хориҷи мамлакат 145,7 тонна тухмии зироат, аз ҷумла тухмии сабзавоти гибридии насли якум 135 килограмм, гандуми элита — 21,6 тонна, репродуксияи якуми картошка — 40 тонна ва нахӯд 66 тонна, ворид гардидааст.

Дар мамлакат шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ торафт зиёд мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 385 хоҷагии моҳипарварӣ дар масоҳати умумии 2791,4 гектар фаъолият доранд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2023 шумораи онҳо 15 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ дар 6 моҳи аввали соли равон 1640 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 495 тонна зиёд аст.

Дар нишаст зикр гардид, ки соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Алҳол шумораи умумии корхонаҳои парандапарварии мамлакат 228 ададро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригардида 10 адад бештар аст.

Сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил, кишти такрорӣ, захираи тухмии зироати кишоварзӣ, омодагии ҳамаҷониба барои гузаронидани кишти сабзавот ва картошкаи барвақтӣ дар гармхонаҳо аз вазифаҳои асосии вазорат барои нимсолаи дуюми соли 2024 арзёбӣ шуд.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»