4 – уми августи соли ҷорӣ нишасти матбуотии Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва намояндагони ВАО – и ҷумҳурӣ баргузор гардид. Директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо баромади мухтасар аз ҳамкории фаъолонаи рӯзноманигорон изҳори сипос намуд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тибқи нақшаи корҳои илмию пажуҳишӣ барои соли 2023 анҷомдодашуда аз рӯи мавзӯъҳои амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ, ташаккул ва рушди комплекси агросаноатӣ, авлавияти соҳавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои ҳавасмандгардонии андозӣ дар рушди соҳибкории инноватсионӣ ва нақши амнияти иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон, ки барои то соли 2025 тарҳрезӣ шудаанд, ба роҳ монда, дар самти иҷрои як қатор масъалаҳои муҳими аҳамияти миллӣ ва ҷаҳонидошта саҳми муносиб гузоштааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 161 гузориши таҳлилӣ — иттилоотӣ дар ҳаҷми умумии 1691 саҳифа, 78 маводи пешниҳоднамудаи ниҳодҳои давлатӣ, 70 хулосаи коршиносӣ пешниҳод гардида, 1 семинари илмию машваратӣ, 10 мизи гирд, 2 конфронси байналмилалӣ, 1 форуми байналмилалӣ, 5 конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.
Қайд гардид, ки Хайриддин Усмонзода дар мулоқоти коршиносони Осиёи Марказӣ 18 – 22 январи соли 2023 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – 2030: таъсири оянда» ва муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода 12 – 13 майи соли 2023 дар 6 – умин Конфронси байналмилалии «Уқёнуси Ҳинд – 2023» таҳти унвони «Сулҳ, шукуфоӣ ва ҳамкорӣ барои ояндаи дурахшон» дар шаҳри Даккаи Бангладеш иштирок ва дар мавзӯи «Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» суханронӣ намуданд.
22 – 23 майи солои 2023 таҳти раёсати Марказ Ҷаласаи 18 – уми Форуми СҲШ дар шаҳри Душанбе бо сухани табрикии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ доир гашт. Котиби генералии СҲШ Чжан Мин ба кори Форум маҷозан пайваст.
Марказ Сомонаи фаъоли интернетии худро дошта, бо истифода аз минбарҳои телевизиону радио, рӯзномаю маҷаллаҳо мушикофона атрофи мавзӯъҳои муҳим суҳбату гузоришҳои муфидро ба роҳ мемонад ва қабл аз ҳар иқдоме масъалаҳоро ба риштаи таҳқиқ мекашад.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»