- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд», — гуфт дар нишасти матбуотӣ (31 январи соли равон) вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода.
Номбурда аз он ёдовар шуд, ки Президенти мамлакат масъулинро вазифадор карданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр ва наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ раҳнамоӣ карда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шуд.
Зикр гардид, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа буда, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам дастгирӣ меёбад. Дар ин замина теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 662 ва шумораи тарбиягирандагон ба 102175 нафар расид, ки дар муқоиса бо соли пешин мутаносибан 26 ва 5597 нафар зиёд мебошад.
Соли 2019 теъдоди муассисаҳои таълимӣ ба 3884 адад — 315 ибтидоӣ, 442 умумии асосӣ ва 3127 миёнаи умумӣ расид.
Хонандагони тоҷик соли 2019 дар 30 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 250 медал, аз ҷумла, 67 тилло, 66 нуқра ва 117 биринҷӣ гардиданд.
Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хонандагони шаҳри Душанбе ба 167 ҷойи ифтихорӣ (44 медали тилло, 50 медали нуқра, 73 медали биринҷӣ), Суғд — 56 (21 медали тилло, 14 медали нуқра, 21 медали биринҷӣ), ШНТҶ — 16 (2 медали тилло, 14 медали биринҷӣ), Хатлон ба 7 ҷой (1 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ) сазовор гардиданд.
Бино ба гуфти номбурда, дар асоси Созишнома бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон се ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, се ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва шаш ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз аттестатсия ва аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштанд.
ВОРИС, «Садои мардум»