Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид зимни нишасти матбуотӣ (21 июли соли 2016) изҳор дошт, ки даромади пулии аҳолӣ моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 8190,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 фоиз зиёд мебошад.
- То якуми майи соли 2016 музди меҳнати номиналӣ дар ҷумҳурӣ 917,5 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш 33,1 сомонӣ ё 3,7 фоиз афзудааст. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2011 музди меҳнати ҳадди ақал панҷ маротиба ва андозаи музди меҳнати миёна низ дар соҳаҳои иқтисодиёт беш аз ду маротиба зиёд шуда, афзоиши музди меҳнат ба ҳисоби миёна солҳои 2011-2015-ум 14 фоизро ташкил медиҳад, — зикр кард вазир.
Бино ба гуфти ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2016 ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 72645 нафар муроҷиат намудаанд, ки 45859 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта, ба 30507 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Аз оғози соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 416 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо 4160 корхонаву муассиса иштирок намуда, ба корҷӯён 44980 ҷойи кори холиро пешниҳод намудаанд. Дар натиҷа, 5478 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд, ки 3227 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Тағойзода Сумангул Саид, ҳамчунин иттилоъ дод, ки мутобиқи натиҷаҳои баҳисобгирӣ дар шаш моҳ аз ҷумҳурӣ 308676 нафар ба хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз кам аст. Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан дар ин давра 160434 нафарро ташкил дод.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»