Мақомоти прокуратура дар нимсолаи якуми соли равон 4412 санҷиш гузаронида, 2535 парвандаи ҷиноятӣ (аз ин 743 коррупсионӣ) оғоз намудааст. Дар ин замина 41 300 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 115 600 нафар барқарор гардидааст. Дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 670 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, 83 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида ва 4970 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 2,5 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор гардид. Дар ин хусус прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Тибқи гуфтаи ӯ, масъулин дар баррасии 4950 парвандаи ҷиноятӣ ва 6236 парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок карда, ба 479 санадҳои судӣ эътироз овардаанд. Ба судҳо 650 даъво ба маблағи 210 миллион сомонӣ пешниҳод шуда, аз ин 488 даъво бо маблағи 150 миллион сомонӣ баррасӣ ва қонеъ шудааст.
Дар ин давра вобаста ба риояи талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ 21 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 296 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Илова бар ин, 4440 қонунвайронкунии ҳифзи меҳнат ошкор ва 70 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 2700 нафар муҷозот гардиданд. Бо дахолати прокуророн 142 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт гардид. Барои дахолат ба фаъолияти соҳибкорон ва дигар қонунвайронкуниҳо 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 180 мансабдор ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуданд.
М. ЗОКИР,
«Садои мардум»