- Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тибқи нақша ба факултети китобдорӣ 63 довталабро бояд ба таҳсил фаро гирад ва ин нақша ҳамасола иҷро мегардад. Соли 2023 ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносиро теъдоди зикршуда хатм намуданд, ки аксарият барои кор ба китобхонаҳои кишвар сафарбар шуданд, — гуфт дар посух ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» ректори донишкада Муҳридин Низомӣ.
Номбурда, ҳамзамон, афзуд, ки барои таъмини китобхонаҳо бо мутахассисони соҳибтахассус роҳбарони муассисаҳо бояд талош намоянд.
Зикр гардид, дар марҳилаи сипаришуда филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии донишкада дар назди Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ гашт, ки ҳафтае ду маротиба дарсҳои донишҷӯёни шуъбаи рӯзона он ҷо мегузарад.
Донишҷӯёни донишкада дар Фестивали филмҳои кӯтоҳметраи донишҷӯёни кишварҳои ИДМ, ки дар Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. Герасимови Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуда, бо ҷоиза ва дипломҳои «Беҳтарин нақши мардона» ва «Ҷалби таваҷҷуҳи тамошобинон» сарфароз гардиданд.
Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»