Зимни шарҳу тавзеҳи масъалаҳои марбут ба делимитатсия, демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя ин омил мадди назар буд
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ҳафтуми августи соли равон дар нишасти матбуотӣ фаъолияти ниҳодро дар нимсолаи аввали соли 2023 пурмаҳсул арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардиданд. Дар баробари дигар масъалаҳо журналистон ба делимитатсия, демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя таваҷҷҷуҳ зоҳир намуданд. Масъалаи мазкурро Ориф Хоҷазода мухтасар, тибқи муқаррароти аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои корӣ қабулгардида, шарҳу тавзеҳ дод. Бидуни мувофиқаи тарафҳо расонаӣ накардани ҷузъиёти гуфтушунид яке аз ҳамон муқаррарот аст. Иттилоъ гирифтем, ки дар марҳилаи мазкур ҳафт вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия, демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва 4 вохӯрии гурӯҳҳои ҳамсони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шудааст. Силсиламулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён дошта, ҷонибҳо ба фарҷоми неки ин раванд мутмаинанд.
Бино ба гуфти Ориф Хоҷазода, вобаста ба иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» корҳои муайян ба сомон расидаанд. Маълум гардид, ки дар давраи мавриди назар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023» қабул гардидааст.
Зимни посух ба саволи журналистон зикр шуд, ки ҳоло шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 195709 адад буда, аз 796 094 саҳмдор таркиб ёфтаанд. Аз ин теъдод мутаносибан 71303 хоҷагӣ бо 296448 саҳмдор дар вилояти Суғд, 72445 хоҷагӣ бо 373379 саҳмдор дар вилояти Хатлон, 16568 хоҷагӣ бо 23719 нафар саҳмдор дар ВМБК, 35393 хоҷагӣ бо 102548 нафар саҳмдор дар ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият доранд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар асоси «Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми марти соли 2016 тасдиқ гардидааст, ду маротиба озмун барои ишғоли 40 мансаби холии маъмурии хизмати давлатии Кумитаи давлатӣ гузаронида шуда, 13 нафар соҳиби ҷои кор шуданд.
Дар давраи зикршуда аз ҷониби Комиссияи иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатӣ барои амалӣ намудани фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ 3 иҷозатнома дода шудааст. Масъулин аз он қаноатманданд, ки Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» ва Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» ба маблағи 1 миллиону 594 ҳазору 700 сомонӣ заминсозӣ ва корҳои марбут ба кадастри заминро иҷро намуданд. Чунин корҳо, инчунин тибқи шартнома низ иҷро шуда, нишондиҳандаи мазкур дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408722 сомонӣ зиёд мебошад.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»