Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ (якуми август) гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба пешрафт ноил гардида, аз ҷумла, нақшаи ҷамъоварии андоз 104 фоиз иҷро гардид ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, 108,3 фоизро ташкил дод.
Дар ҳама бахши соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 1850,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, саршумори чорво 17,1 ҳазор сар зиёд гардид.
Бино ба андешаи Раҷаббой Аҳмадзода, маҳз ба шарофати баргузории намоиши «Суғд — водии имкониятҳо» дар вилоят содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, консерва ва хушкмева, ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ва Беларус афзуда, дар маҷмӯъ, нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 220 миллион доллар маҳсулоти гуногун содирот шуд. Муносибатҳои иқтисодӣ бо вилоятҳои Самарқанду Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ тақвият ёфт. Инчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд қабули довталабон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон афзуд. Айни замон танҳо дар ду донишгоҳи бонуфузи вилоят — ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва ДДҲБСТ мутаносибан 102 ва 367 нафар ҷавони ӯзбекистонӣ таҳсил доранд.
Сабаби болоравии нарх дар бозорҳои вилоятро Раҷаббой Аҳмадзода дар қиматшавии нуриҳои минералӣ, сӯзишворию хизматрасонии техникӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар ин самт чораҷӯӣ идома дорад.
Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»