Ҳолати ҳузнангези системаҳои обтозакунии як қатор шаҳру ноҳияҳо, коркарди партовҳои сахти маишӣ, безарар гардонидани лампаҳои аз истифодабаромадаи симобдор аз ҷумлаи масоили ҳалталаб мебошанд, ки мардумро ба ташвиш овардаанд. Ҳалли ин масъалаҳоро хабарнигорон дар нишасти матбуотие, ки 12 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, аз роҳбарият ва масъулони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» пурсон шуданд.
- Ин проблемаҳо моро низ ба ташвиш овардааст ва барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳо андешида истодаем. Табиист, ки барои рафъи мушкилоти мавҷуда маблағ лозим аст. Баробари андешидани чораҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сармоягузорон тасмими зиёд дорем,- иброз намуд директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода.
Иттилоъ гирифтем, ки солҳои 2011 – 2016 аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 311,7 ҳазор адад лампаи симобдори аз истифода баромада ҷамъоварӣ шудааст.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо об якчанд лоиҳа мавриди татбиқ қарор доранд. Имсол татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» анҷом меёбад, ки соли 2012 оғоз гардида, аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ гардидааст. Маблағи умумии лоиҳа, ки 22 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Гулистон, Қайроққум, Истиқлоли вилояти Суғд ва шаҳри Хоруғи ВМКБ-ро дар бар мегирад. Айни замон корҳо аз рӯи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон», ки дар ҳаҷми 18 миллион доллар аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мешавад, босуръат идома дорад. Татбиқи ин лоиҳа низ соли ҷорӣ анҷом меёбад ва дар доираи он шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ барқарор мегарданд.
Дар ноҳияи Панҷ бошад, аз тарафи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ба маблағи 15 миллиону 675 ҳазор доллари ИМА моҳи октябри соли 2016 системаи обтаъминкунӣ, баъди барқарорсозӣ, ба истифода супурда шуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»