Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ки 3 августи соли 2022 доир гардид, хабарнигорон аз роҳбарият ва дигар масъулин сабабҳои вазъи ғайрисанитарии дарёи Кофарниҳон, бозори марказӣ, корношоям гардидани қубурҳои канализатсионӣ ва вайроншавии муҳити атрофро, ки бартарафсозии он аз ҷониби масъулон бо баҳонаҳои гуногун мавқуф гузошта мешаванд, пурсон шуданд.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани бозори марказии шаҳрро, ки дар шафати дарёи Кофарниҳон воқеъ аст, тасдиқ намуда, гуфт, ки он ба талабот ҷавобгӯ нест, зеро савдои кӯчагии назди бозор ва нуқтаҳои фурӯши ғайрирасмӣ то болои кӯпруки одамгузар, ки шаҳрро бо бозори «Хайр» мепайвандад, паҳн гардида, савдогарон ҳар лаҳза партовҳои ҷамъшударо ба дарё мепартоянд.
Аз бемасъулиятии мутасаддиён маҳсулот дар бозор ва роҳгузарҳои он рӯи замин гузошта мешавад, ки метавонад ба саломатии одамон хатар эҷод намояд. Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бахши Кумитаи амнияти озуқаворӣ дар шаҳри Ваҳдат ба сифати хӯрок, маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯштиву ширии ба мардум пешкашгардида диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Масъулини бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат ба тозагии оби дарёи Кофарниҳон, ки дар ду соҳили он партовҳои маишӣ ва сохтмонӣ партофта шудаанд, аҳамият надода, ҳатто рафтори фурӯшандагони болои кӯпрук, ки партовҳоро ба дарё мепартоянд, аз назорат дур мондааст.
Дар чанд соли охир қубурҳои канализатсияи шаҳр, ки аз деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов мегузарад, куҳнаву фарсуда гардидааст. Масъулин мушкилоти ҷойдоштаро тасдиқ намуда, гуфтанд, ки қубурҳои канализатсия ва иншооти тозагардонӣ солҳои пеш барои 40 ҳазор аҳолӣ сохта шудааст. Барои ҳалли мушкилот ба роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и ҷумҳуриявӣ муроҷиат кардем. Алҳол интизори ҳалли мушкилӣ аз ҷониби корхонаи зикршуда мебошем.
Масъулини шаҳр ба суолҳои журналистон дар бораи сайди ғайриқонунии моҳӣ дар дарёи Кофарниҳон, аз фаъолият бозмондани коргоҳҳои дӯзандагӣ, корношоямии шабакаҳои гармидиҳӣ ва таъмин набудани биноҳои баландошёна бо гармӣ, аз партовҳо тоза набудани шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат посухҳои қаноатбахш дода натавонистанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»