Аз нишастҳои матбуотӣ

Мушкилоти марбут ба пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ мешавад

№28 (4611) 22.02.2023

МИД 11Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 17- уми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки моҳи марти соли ҷорӣ Сарвазири Федератсияи Россия Михаил Мишустин бо як ҳайат ба Тоҷикистон меояд.

- Боварӣ дорем, ки сафари мазкур хеле самаранок хоҳад буд. Ҳар ду ҷониб интизоранд, ки дар доираи ин сафар якчанд масъалаи муҳим, дар бахши иқтисоду тиҷорат, баррасӣ мегардад, — изҳор намуд вазир.

Зикр гардид, ки соли сипаришуда боздиди расмию кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Миср, Эрон, Ӯзбекис­тон, Покистон, Хитой, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон сурат гирифтанд.

Соли сипаришуда заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 71 санад таҳким ёфт, ки 56-тои он дар рафти сафарҳои расмӣ дар сатҳи олӣ ба имзо расонида шуданд. Ҳамин тариқ, зимни сафарҳои расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Миср 5 санад, Эрон — 17, Ӯзбекистон — 15 ва Покистон 9 санад ба имзо расид.

Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва ҳамёрон бори нахуст дар доираи Конфронси тарафҳо Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, яъне «СОР 27», мавзӯи об алоҳида, минбаъд дар рӯзномаи тағйирёбии глобалии иқлим мавриди баррасӣ қарор мегирад ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон акнун мавзӯи пиряхҳо дар платформаҳои байналмилалӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Соли гузашта бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа 81 анҷумани иқтисодӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурию маҷозӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо беш аз 6 соҳибкору сармоягузор ва намояндагони мақомоти давлатӣ ширкат варзиданд. Дар доираи ин чорабиниҳо беш аз 300 санади ҳамкорӣ ба маб­лағи зиёда аз 1,5 миллиард доллари ИМА ба имзо расид.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»