28-уми июли соли равон муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки мутобиқи нишондодҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа якҷоя бо операторон ва провайдерони хусусӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз рӯи ҳисоботи пешакӣ даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа 1 миллиарду 900 миллиону 982 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ ба 1 миллиарду 590 миллиону 750 ҳазор сомонӣ расид. Миқдори муштариёни имтиёздор дар шабакаи телефонии ҶСК «Тоҷиктелеком», маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-юм — 7476 нафар мебошанд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ даромади иҷозатномадорон дар соҳаи алоқаи барқӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 миллиарду 155 миллиону 884 ҳазору 419 сомниро ташкил намуда, андоз аз он 28 миллиону 897 ҳазору 110 сомониро ташкил менамояд. Дар ин давра ба маблағи 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби рақамҳои алоқаи барқӣ ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ ба буҷети давлатӣ ворид шуд.
Номбурда, ҳамзамон, гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муштариёни умумии алоқаи мобилӣ наздик ба 8,3 миллион ададро ташкил медиҳанд, ки аз он ҷумла 5,6 миллион адад муштариёни фаъол мебошанд. Шумораи истифодабарандагони интернет якҷоя бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,5 миллион муштариро дар бар гирифтааст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 77 миллиону 540,7 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда 101,8 фоизро ташкил медиҳад.
Аз натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии КВД «Почтаи тоҷик» пешакӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 даромади умумии соҳа ба андозаи 4 миллиону 512 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта ба 170 ҳазору 640 сомонӣ зиёд мебошад. КВД «Почтаи тоҷик» бо 12 давлати дуру наздик шартномаи ҳамкорӣ оид ба интиқоли маблағҳои ирсолпулиҳоро ба имзо расонидааст.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»