Аз нишастҳои матбуотӣ

Мусодираи 21 ашёи тезу буранда

№94 (4356) 17.07.2021

dav- Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар шаш моҳи соли 2021 ба буҷет 4 миллиону 989 ҳазору 44 сомонӣ ворид намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 921 ҳазору 549 сомонӣ зиёд аст, — гуфт 13 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ директори генералии он Нуралӣ Ҳомидзода.

Номбурда қайд кард, ки дар давраи зикршуда 29897269 сомонӣ фоида ба даст омад. Айни ҳол дар фурудгоҳ 220 корманд фаъолият мекунанд, ки 35 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2021 ба 56812 мусофир хизмат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31137 нафар зиёд аст.

Шумораи хатсайрҳои хизматрасонидашудаи фурудгоҳ дар нимсолаи аввали соли равон (рейсҳои чартерӣ) 310 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 213 — то зиёд мебошад.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи пешазпарвозии мусофирон 27 нафар ошкор ва мусодира шуданд, ки ашё ва моддаҳои барои бо тайёра бурдан мамнӯъро бо худ доштанд. Аз ҷумла, 21 ашёи тезу буранда, 15 литр равған ва 340 грамм моддаҳои заҳрноки зидди ҳашарот.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»