17 феврали соли ҷорӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Директори агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода иброз дошт, ки соли сипаригардида аз ҷониби кормандони агентӣ 159 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардид. Аз ҷумла, оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропикӣ бо мақсади фурӯш 101 ҷиноят, муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропикӣ — 27, фасодхона — 1, қочоқи маводи нашъадор 14 ҷиноят содир гардидааст.
Нисбат ба 198 нафар 134 парвандаи ҷиноятӣ ба судҳо ирсол гардида, ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 344 ҳазору 200 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст. Ҳамчунин, 289 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва 315 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 235 ҳазору 422 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
- Дар давраи мавриди назар аз муомилоти ғайриқонунӣ 357 кило 638 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2020-ум 174 кило 408 грамм ё 95,2 дарсад зиёд мебошад, — изҳор дошт номбурда ва афзуд: — Кормандони агентӣ фаъолияти 47 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 107 нафар ошкор ва 20 кас дар кофтукови ҷиноятӣ қарордоштаро дастгир карданд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби мақомоти қудратии ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, чор тоннаю 83 килограмму 274 грамм маводи нашъаовар , 106 кило моддаҳои психотропикӣ ва 21 ҳазору 537 дона ҳабҳои синтетикӣ мусодира шуд. Аз ҷониби кормандони агентӣ 53 кило 191 гр. моддаҳои психотропикӣ ва панҷ ҳазору 473 дона ҳаби синтетикӣ мусодира гардид.
Ҳамчунин, кормандони агентӣ ҳолати муомилоти пулҳои қалбакиро дар ҳаҷми 8600 доллари ИМА ошкор карданд.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»