Аз нишастҳои матбуотӣ

Мусодираи маводи нашъадор зиёду нашъаманд кам шудааст

№ 09.08.2022

4- Аз моҳи августи соли 2021, яъне баъд аз ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон» (ташкилоти террористӣ) то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира шуд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2020 мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил дод, — зикр кард директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 5 августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ. 

 Иттилоъ гирифтем, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 578 килограмму 145 грамм маводи нашъадор мусодира шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузаш­та 52 дарсад ё 882 килограмму 500 грамм зиёд мебошад.

Маводи нашъаовари дар ин нимсола мусодирагардида аз нишондиҳандаи соли 2020-ум 37,4 фоиз зиёд аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2022 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ҳазору 482 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 384 ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62 ҷиноят ё 13,9 фоиз кам мебошад.

Масъулини агентӣ иттилоъ доданд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4437 нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки 100 нафари онҳо зан мебошанд. Ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад кам аст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»