Аз нишастҳои матбуотӣ

Мутахассисони соҳаи кино низ аълочӣ шуда метавонанд

№21 (4283) 16.02.2021

DSC_0173Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров, ки чанде пеш тармим ва бо дастгоҳҳои муосир муҳайё шудааст, 10 феврал баргузор гардид. Сарвари муассисаи зикршуда Маҳмадсаид Шоҳиён иброз ­дошт, ки фаъолияти эҷодию истеҳсолии он дар соли 2020 таҳия ва наворбардории филм­ҳои ҳунарӣ, мустанад ва тасвириро дар бар мегирад.

Дар ин давра  таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии «Автобус» (муаллиф ва коргардон Абдулҳай Зокиров, наворбардор Абдукарим Уроқов), «Бачаи обӣ» (коргардон Файзулло Файз), «Роҳ» (коргардон Носир Саидов) ба охир расида, нахустнамоиши онҳо доир шуд.

Банаворгирии филми ҳунарии «Баҳори хазонрез» аз рӯи романи «Моҷарои зиндагӣ»-и нависандаи маъруфи тоҷик Кароматулло Мирзоев, бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров шурӯъ гардида, танзим ва бандубасти филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд» бо коргардонии  Муҳаммадрабӣ Исмоилов идома дорад.

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар офаридани филмҳои бадеии кӯтоҳ ва филмҳои тасвирӣ низ фаъол аст. Филмҳои «Чорроҳа», «Рассоми сайёҳ» аз ин қабиланд.

Филмҳои  «Хиёнат», «Сайри гули лола», «Сози мақом», «Ваҳдат», «Шинохти Саразм», «Устод Кимёгаров», «Ямчун», «Аҷинатеппа», «Ҳулбук» ва амсоли инҳо таъриху тамаддун, фарҳангу ҳунар ва рӯзгори мардуми бунёдкори кишварро инъикос карданд.

Ифтитоҳи китобхона, бунёди толори пазироӣ таъмиру таҷдиди шуъбаи дубляж, ҳуҷраи пардозгарӣ, толор барои мактаби синамонигорони ҷавон «Навомӯз» ва шуъбаи садобардорон аз ҷумлаи корҳои дигари анҷомёфтаанд.

Бори нахуст дар таърихи синамои тоҷик мукофоти соҳавӣ — «Аълочии кинематографияи тоҷик» таъсис ёфт. Нашри маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии «Кино» бо шаклу андозаи нав низ аз муваффақиятҳои муассиса аст.

Баъд аз нишасти матбуотӣ филми бадеии кӯтоҳи «Насиб» намоиш дода шуд.

ВОРИС,

«Садои мардум»