Рейтингҳои байналмилалие, ки андозро дар Тоҷикистон гарон арзёбӣ мекунанд, воқеият надоранд. Ин нуктаро раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 22 июли соли равон баргузор гардид, зикр кард.
Бино ба гуфти ў, меъёри андоз ва андозбандӣ нисбат ба дигар давлатҳо баланд нест. Оид ба воридоти андоз ба Буҷети давлатӣ номбурда изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет (бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 4,1 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондодҳои нақшавӣ 200 миллион ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 375 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андози ҷумҳурӣ 12400 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нисбат ба онҳо ба маблағи 104,5 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид.
- Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти андоз нисбат ба фаъолияти 922 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш 4040 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор гардида, онҳо расман ба қайд гирифта, бо патент ва шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин карда шуданд- изҳор дошт Нусратулло Давлатзода.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 284403 субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд, ки нисбат ба якуми январи ҳамин сол 8822 адад зиёд мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»