Барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз ҳисоби буҷети ҷумҳурию маҳаллӣ маблағи зиёд сарф мешавад, аммо на ҳамаи ғолибон ба соҳаи мусиқӣ мепайванданд, ҳол он ки ҳадаф аз роҳандозии озмуни мазкур дарёфту тарбияи истеъдодҳои нав мебошад. Масъулини соҳа ҷиҳати бартараф намудани ҳолат чӣ тадбир меандешанд?
Муовини якуми вазири фарҳанг Обид Одилзода ба ин суоли хабарнигори «Садои мардум» дар нишасти матбуотӣ 29-уми январ чунин посух гуфт: «Ғолибони озмун имкони ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва олии мусиқӣ тариқи суҳбат, ройгон, бе супурдани имтиҳон қабул шуданро доранд, аммо, афсӯс, на ҳама ғолибон ба ин самт мепайванданд. Ҳоло ба ин мақсад корҳои тарғиботӣ мебарем».
Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, бо эътирофи ин ҳолат илова намуд: «Бархе аз онҳо, аз ҷумла Зулқада Қурбоноваро, ки ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил менамояд, барои иштирок ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҷалб намудем. Ӯ ҳатто тариқи шартнома ба Ансамбли эстрадии «Гулшан» ба кор пазируфта шуд».
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин, иттилоъ гирифтем, ки номинатсияи «Ҳулбук — Хутали қадим» бо фарогирии 12 ёдгорӣ омода ва ҷиҳати шомил намудан ба Феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.
Соли 2023 аз ҷониби Вазорати фарҳанг 16 асари драмавӣ ва 16 асари мусиқӣ ба маблағи 120000 сомонӣ харидорӣ шуда, театрҳои касбии кишвар 53 асари навро саҳнавӣ намуданд, ки 34- тои он дар театрҳои музофотӣ рӯи саҳна омаданд.
Тавассути «Корвони китоб» китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо 1425 ва 20 китобхонаи мутамарказонидашудаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо 3150 нусха китоб таъмин шуданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»