Наҷотдиҳандагон 53 нафарро наҷот бахшидаанд

№90 (4196) 25.07.2020

DSC_0233-Дар нимсолаи аввали соли равон дар мамлакат 178 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуд, ки 17 адади он ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонд, — зикр кард зимни нишас­ти матбуотӣ 23 июли соли 2020 раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода.

- Ҳамчунин, дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ 7 сокини кишвар ба ҳалокат расида, 102 хонаи истиқоматӣ (41 хона пурра), 22 бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 18593,97 гектар замини кишт, 6 пул ва 24,37 км роҳи мошингард зарар дид. Ба хонаводаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ сари вақт расонда шуд, — афзуд ӯ.

Бино ба гуфти  Рустам Назарзода, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода кормандони кумита дар миёни аҳолӣ як силсила чорабиниҳоро доир карданд. Аз ҷумла, як омӯзиши маҷмӯи оид ба мудофиаи гражданӣ, ду омӯзиши тактикиву махсус, як тамрини ситодӣ ва дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дарс гузарониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кумита наҷотдиҳӣ мебошад. Дар давраи мавриди назар наҷотдиҳандагон 53 нафарро наҷот доданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»