Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи қабул 76 дарсад иҷро шуд, аммо…

№96 (4836) 05.08.2024

2- Барои роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ (ба ҷойи усули анъанавии таҳсили ғоибона), ки дар доираи консепсияву барномаҳо ба хотири ислоҳот ва навсозии соҳа пешбинӣ шудааст, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тамоми имкониятҳо фароҳам аст, — гуфт ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода дар посух ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум».

- Барои амалӣ намудани низоми мазкур базаи моддӣ-техникии донишгоҳ бояд пурқувват бошад. Ҳоло донишгоҳ дорои заминаи хуби техникӣ аст ва ин имкон медиҳад таҳсилоти фосилавӣ дуруст роҳандозӣ гардад. Айни замон дар муассиса шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад, ки дар он 1474 нафар таълим мегиранд, — афзуд ректори донишгоҳ.

Иттилоъ гирифтем, ки донишгоҳро соли равон 980 нафар хатм карданд. Аз ин шумора 19 нафар (дар зинаи бакалавр) таҳсилро бо дипломи сурх ҷамъбаст намуданд, ки 11 нафарашон духтарон мебошанд.

Аз рӯи панҷ самт ва бист мавзуъ таҳқиқоти илмӣ анҷом додани олимони донишгоҳ, рисолаи номзадӣ ҳимоя намудани 7 нафар, ба имзо расондани 6 созишномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, таҳия ва нашри як қатор китоб ва дастурҳои методӣ аз муҳимтарин корҳое мебошанд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 анҷом ёфтанд.

Имсол нақшаи қабули донишҷӯён 76 дарсад иҷро гаштааст. Масъулин бо хушнудӣ изҳор дош­танд, ки аз соли таъсис ёфтани Маркази миллии тестӣ бори аввал аст, ки донишгоҳ ба чунин нишондиҳанда ноил мешавад.

Ф. ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»