Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи қабули донишҷӯён 70% таъмин гардид

№26 (4766) 26.02.2024

isp-directorДар нишас­ти матбуотии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе директори иҷроияи он Рус­там Ғаниев изҳор намуд, ки айни ҳол дар филиал таҳсил аз рӯи 6 равия ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ, 450 донишҷӯ  таҳсил доранд. Барои таҳсил ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён шароит муҳайё гардида, соли гузашта 168 омӯзгори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ба донишҷӯён дарс гуфтанд.

- Соли 2023 ба  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  1853 довталаб барои таҳсил дар филиал ҳуҷҷат супурда бошад ҳам, ба ҷои 180 нафар ҳамагӣ 123 нафар дохил гардид, ки 70 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.  Мушкили асосӣ пурра иҷро нагаштани нақшаи қабул бошад, мушкили дигар дар филиал мавҷуд набудани зинаи магистратура аст. Барои таъсиси зинаи магистратура дар филиал ҳуҷҷатҳоро  омода намудаем ва умед дорем, ки масъала мусбат ҳал шавад, — афзуд Рустам Ғаниев.

Ба саволи рӯзноманигорон дар бобати таълими забони давлатӣ дар филиал Р.Ғаниев чунин посух дод:

- Забони тоҷикӣ ва таърихи халқи тоҷик ба донишҷӯён таълим дода мешаванд. Илова бар ин, ҷашнҳои миллию давлатӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон,  Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо забони давлатӣ баргузор мегарданд.

Н. НИЗОМӢ, 

«Садои мардум»