Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи ҷамъоварии андоз барзиёд иҷро гардид

№101 (4363) 05.08.2021

НАЛОГ (3)Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 30 июли соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2021 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳо, ки ҷамъоварии он ба зиммаи мақомоти андоз вогузор аст, 101,4 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 6 миллиарду 454,9 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷети давлатӣ 6 миллиарду 545,9 миллион сомонӣ ворид гардид. Бино ба гуфти ӯ, рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, сифати корҳои назоратӣ, рақамикунонии мақомоти андоз, бештар ва беҳтар намудани корҳои тавзеҳоти воридоти андозҳои дохилӣ ба буҷети давлатиро афзоиш дод.

Иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, нақшаи пешбинишудаи танҳо андоз аз арзиши иловашуда таъмин нагардид.

- Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда бақияпулиҳои андозӣ давра ба давра коҳиш ёфта истодааст. Ин нишондиҳанда дар маҷмӯъ 783,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба якуми январи соли равон 100,5 миллион сомонӣ кам мебошад. Ҷиҳати пешгирии зиёдшавӣ ва тибқи тартиби муқарраршуда маҷбуран рӯёнидани қарзи андозҳо, аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 6550 қарор ба маблағи 619 миллион сомонӣ қабул шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 550 миллион сомонӣ ворид гардид, — изҳор дошт Нусратулло Давлатзода.

Ҳамчунин, 11 ҳазор ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ошкор гардида, онҳо 106,4 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.

Ш. Солеҳ,

«Садои мардум»