Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи андоз барзиёд иҷро шуд

№101 (4841) 19.08.2024

11- Бо назардошти ворид намудани тағйи­рот ба қисми даромади буҷети давлатӣ нақша 105,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет нисбат ба нақшаи муқарраршуда 546,3 млн. сомонӣ зиёд ворид шуд, — гуфт раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ.

 Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ВМКБ 104,8 фоиз, вилояти Хатлон — 100,8, вилояти Суғд — 103,6, шаҳри Душанбе 110,9 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 106,7 фоиз иҷро гардид.

 Бақияи қарзи андоз 1 млрд. 198,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 392,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

 Барои рақамикунонӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ байни Кумитаи андоз, Вазорати молия, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, КВД БА «Амонатбонк», Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии омор, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти дигари давлатӣ созишномаҳо ба имзо расида, барои тақвият бахшидани корҳо дар ин самт бо дигар вазорату идора ва мақомоти давлатӣ чораҷӯйӣ идома дорад.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»